Пайвандҳои дастрасӣ

40%-и кормандони полиси Афғонистон мӯътод будаанд


Шӯъбаи пажӯҳишҳои Конгресси Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, сӯистифода аз маводи мухаддир яке аз масъалаҳои ҷиддии полиси Афғонистон аст ва аз ҳар 10 узви нави ин полис чаҳор нафар мӯътод мебошанд. Шӯъбаи бозрасии Конгресс инро як монеаи ҷиддии маъракаи зиддиошӯб дар Афғонистон медонад. Бо вуҷуди талошҳо ба коҳиши кишту парвариш ва қочоқи маводи мухаддир Афғонистон тавлидкунандаи 90 дарсади афюни ҷаҳон аст. Пажҳӯиш ошкор кард, ки аз 12 то 41 дарсади кормандони полиси Афғонистон дар марказҳои минтақаии тамрин гирифтори маводи нашъаовар мебошанд.
XS
SM
MD
LG