Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Италия ҳабси писари президенти Қирғизистонро хостааст


Наздик ба 3 ҳазор нафар дар маркази Бишкек, пойтахти Қирғизистон бо талаби аз кишвар ихроҷ кардани писари президент Қурманбек Боқиев раҳпаймоӣ карданд. Онҳо то 16-уми март мӯҳлат доданд, ки Максим Боқиев кишварро тарк кунад, дар акси ҳол даст ба тазоҳурот густардатар хоҳанд зад. Онҳо норозиянд, ки Максим аз рӯзи ба мақоми раиси оҷонси рушд ва сармоягузориҳо таъин шуданаш то рафт қудрати бештарро дар дасти худ мутамаркиз мекунад. Раҳпаймоӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки додрасҳои Итолиё дастури ҳабси ӯро содир кардаанд. Онҳо Боқиевро дар сирқати наздик ба 3 миллион доллари ширкати Телеком Италия айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG