Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳ ҳукми блогнависони озариро бетағйир гузошт


Додгоҳи шикоятии Боку ҳукми блогнависони озарӣ Аднон Ҳоҷизода ва Амин Миллиро бетағйир боқӣ гузошт. Моҳи ноябри соли гузашта додгоҳ онҳоро бо иттиҳоми авбошӣ дар як тарабхона ба мӯҳлатҳои 2 ва якуним сол аз озодӣ маҳрум кард. Аммо онҳо мегӯянд, дар ин тарабхона ҳадафи ҳамлаи беасос қарор гирифта, ҷабр дидаанд. Созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи инсон ин қазияро пажӯҳиш карда, хостори озодии фаврии блогнависон шудаанд.
XS
SM
MD
LG