Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон тамоюли рӯ овардани ҳунармандон ба суруду таронаҳое, ки зиндагии муҳоҷирон ва ё хонаводаҳои онҳоро мунъакис мекунад афзоиш ёфта ва бозори ин сурудаҳо ҳам гарм мешавад.

Тақрибан моҳи пеш ҳамкорам Зарангез гуфт, дар мобилаш таронаеро сабт кардааст ва хост то ман ин оҳангро бишанавам, ки бо садои ширини кӯдакона иҷро мешуд. Он аз рӯзгори талхе як фарзанди муҳоҷир қисса мекард, ки чашмаш бармаҳал ба зиндагӣ кушода шудааст. Ҳафтае пас аз ин, яке аз наздиконамро вохӯрдам, ки дар даст навори сидие иборат аз маҷмӯъи таронаҳо дошт, вале гуфт, танҳо ба хотири як оҳангаш онро харидорӣ кардааст.

-Чӣ оҳанг аст, пурсидам- аз ӯ?

-Писараке дар мавриди падараш мехонад, ки дар Русия аст, посух дод вай.

Пасон ҳамин садои дардолуди писарро аз чанд бозори пойтахт низ шунидам, ки харидорони зиёдро дар дискфӯрушиҳо гирди ҳам оварда буд. Оҳанги соддаи мардумӣ, матни оддии равон, вале ҳамзамон бозгӯи мушкили садҳо атфоле, ки бинобар муҳоҷирати падарони хонавода рӯзҳои сангинро пушти сар мекунанд. Оҳангҳои мардикорӣ дар ин авохир зиёд шунида мешавад.
Дар навори видеоии таронаи «Атаи ман Расиядай», ки дар иҷрои Фирӯзи Ализоди наврас садо медиҳад, ҳаёти як писараки деҳотие тасвир ёфтааст, ки солҳои тулонӣ дур аз падар ба сар бурда, сахтиҳои зиёдро таҳаммул мекунад. Пайваста ашкрезиҳову бемории модар, гуруснагӣ кашидани хоҳару бародарон, анҷоми корҳои сангини хоҷагӣ, боиси он шудааст, ки ин наврас ба падари хеш муроҷиат мекунад, ки ба ватан баргардад.

То имрӯз дар мавзӯъи муҳоҷират таронаҳои зиёде эҷод шудаанд, аммо иҷрои чунин оҳанг аз сӯи фарзадани муҳоҷир таъсири сурудро ба шунаванда бештар мекунад. Аслан тӯл кашидани раванди муҳоҷирати кории тоҷикон ба Русия, боиси он шуда, ки теъдоди бештари овозхонон ва ҳунармандон доир ба ин мавзӯъи замоне камошно ба мардум таваҷҷӯҳ кунанд.

Хато намекунам агар бигӯям, ки ба хондани оҳангҳое, ки мушкилоти муҳоҷирон дар хориҷ аз кишвар, таҳаммули нақзи ҳуқуқ, озору шиканҷаҳо ва вазъи оилаҳои онҳо дар ватанро бозгӯ менамуданд, нахуст репсароён шурӯъ кардаанд. Пасон овозхонони попу мардумӣ ҳам ба тадриҷ дар ин бора лаб кушоданд. Ҳоло тақрибан ҳар даҳум клипе, ки дар Тоҷикистон истеҳсол мешавад ба мавзӯи муҳоҷират бахшида шудааст.

Фурӯшандаҳои нуқтаҳои дискфурӯшӣ мегӯянд, дар ин шабу рӯзи баҳорӣ, ки мавсими муҳоҷират авҷ мегирад, талабот нисбат ба оҳангҳои мардикорӣ хеле зиёд аст. Зеро аксари мардикорон, қабл аз ҳиҷрат ба Русия, ҳамингуна оҳангҳоро харидорӣ карда, бо худ мебаранд. Аслан агар ба мӯҳтавои ин таронаҳо таваҷҷӯҳ кунем, онҳоро мо метавонем ба се гурӯҳ тақсимбандӣ намоем.

Агар дар бархе оҳангҳо овозхонон аз орзуи сафар ба Русия ба хотири беҳ кардани рӯзгор бигӯянд, гурӯҳи дигари таронаҳо зиндагии даврони мардикориро таҷассум мекунанд. Замонеро, ки муҳоҷирон ба таҳқиру фишор, фиребу найранг ва гоҳе ба наёфтани ҷойи кор дар кишвари бегона рӯ ба рӯ мешаванд. Теъдоди дигари сарояндагон дар мавриди ёди ватан кардани мардикори сарсон ва бо киссаи холӣ баргашатанаш ба хонавода мехонанад.

Дар ҳамин ҳол, Маҳбуби Ганҷаалӣ - мунақидди ба истилоҳ «шоубизнеси тоҷик», афзоиши ҳамингуна таронаҳоро дар шароити феълӣ, ки раванди муҳоҷират аз масъалаҳо ва мушкили рақами як аст, амри воқеъӣ медонaд. Вай мегӯяд, хонанадҳои ин оҳангҳо, аксаран бо ҳадафи муаррифии худу пайдо кардани шунаванда ва ё тавассути як оҳанг серхарид кардани маҷмӯи сурудҳояшон, чунин таронаро пешниҳод мекунанд. Ва камтарини чунин овозхонон, бо дарки воқеии ин мушкил, ба мавзӯи муҳоҷират рӯ меоранд.

Ба андешаи Маҳбуб баъд аз чанд муддати дигар, дар сурати коҳиш ёфтани раванди муҳоҷират, талабот нисбати чунин таронаҳо камтар мешавад ва овозхонон ба арзишҳои дигар таваҷҷӯҳ хоҳанд кард, ки дархӯри боз ҳам вақт бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG