Пайвандҳои дастрасӣ

Роберт Гейтс вориди пойтахти Саудия шуд


Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс ба хотири баррасии роҳҳои вокуниш ба барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон вориди Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ шуд.
Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, Гейтс бо подшоҳи Саудӣ малик Абдуллоҳ ва мақомоти дигари олии ин кишвар нигарониҳои мавҷуда дар бораи аҳдофи Теҳронро матраҳ хоҳад кард.
Амрико ба хотири муқобила ба таҳдиди афзояндаи мушакии Эрон шабакаҳои дифоъи зиддимушакиашро дар ҳудуди халиҷи Форс ва атрофи он тавсиъа медиҳад.
XS
SM
MD
LG