Пайвандҳои дастрасӣ

Шумори хабарнигорони зиндонӣ дар Эрон ба 52 расид


Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон мегӯяд, сеяки журналистони боздоштшудаи ҷаҳон дар Эрон таҳти боздошт қарор доранд. Ин созмони ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон дар гузориши наваш мегӯяд, теъдоди хабарнигорони зиндонӣ дар Эрон дар моҳи феврал ба дастикам 52 нафар расид. 24 хабарнигор дар Чин ва 22 тани дигар дар Куба дар боздошт ба сар мебурдаанд. Мақомоти Эрон дар пайи эътирозҳои пасоинтихоботӣ чандин нашрияро баста ва даҳҳо хабарнигорро дастгир карданд. Ҷоэл Саймон, мудиромили Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон гуфтааст, Эрон ба як давлати таъқибгари пайвастаи матбуот табдил меёбад. Ӯ чунин вазъро “нафақат мудҳиш, балки ҳамчунин ғайриқобилиқабул” ба қалам дод.
XS
SM
MD
LG