Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Зарифӣ бо Назарбоев


Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев имрӯз бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ мулоқот кард. Дар ин дидор масоили марбут ба ҳамкориҳои дунҷониба ва дурнамои рушди ҳамкориҳо миёни ин ду кишвари Осиёи Марказӣ баррасӣ шудааст. Ҳамроҳхон Зарифӣ дар пайи ин мулоқот гуфтааст, ки Душанбе пуштибонии комили Қазоқистон ва шахсан Нурсултон Назарбоевро эҳсос мекунад. Ба эътиқоди ӯ, дӯстии миёни руасои ду ҷумҳурӣ Тоҷикистону Қазоқистонро ба сӯи тавсиъаи минбаъдаи равобити дуҷониба раҳнамоӣ мекунад.
Ҳамроҳхон Зарифӣ бо як сафари корӣ дар Қазоқистон ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG