Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Қирғизистон мегӯяд, кишвараш дар барқарории амнияту субот дар Афғонистон манфиатдор аст ва талош ба харҷ хоҳад дод, ки дар эҳёи ин кишвар саҳм гузорад.

Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури Қирғизистон, ин матлабро рӯзи чоршанбе зимни мулоқоташ бо Девид Петреус, фармондеҳи ситоди марказии ИМА, иброз кард.

Ҷаноби Петреус гуфтааст, ки ИМА аҳамияти ҳамкориҳои Қирғизистон дар эҳёи Афғонистон ва саҳми он дар мубориза бо терроризми байналмилалиро хеле боарзиш арзёбӣ мекунад.

Ба гуфтаи фармондеҳи ситоди марказии ИМА, Қирғизистон аз амалиёти нерӯҳои эътилофи зидди террор дар Афғонистон таҳти унвони «Озодии шикастнопазир» пуштибонӣ мекунад.

Дафтари матбуоти дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон мегӯяд, ки Девид Пертеус дар ин мулоқот ба президент Боқиев роҷеъ ба вазъият дар Афғонистон ва тадобире, ки ИМА дар мавриди эҳёи вазъи иҷтимоиву иқтисодии ин кишвар пиёда намудааст, иттилоъ додааст.

Интизор меравад, ки Девид Петреус дар чаҳорчӯби сафари худ дар маросими ифтитоҳи сохтмони «Маркази занон»-и вилояти Чуй ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG