Пайвандҳои дастрасӣ

Матлубхон Давлатов раиси дастгоҳ таъйин шуд


Имрӯз бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, Матлубхон Давлатов раиси Дастгоҳи иҷроияи раёсати ин ҷумҳурӣ таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом Амиршоҳ Миралиевро иваз мекунад, ки дар интихоботи ахири парлумонӣ аз ҳавзаи ягонаи ҳизбӣ аз номи ҳизиб ҳокими халқӣ-демократӣ вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуд. Матлубхон Давлатов аз соли 1994 раиси Кумитаи идораи амволи давлатӣ ва масъули хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ ва баъдан як муддат раиси Кумитаи назорати молӣ буд ва 4 сол пеш мушовири аршади раисиҷумҳур дар умури иқтисодӣ таъйин шуд. Бо фармонҳои ахири президент ҳамин тавр, раиси ҳамакнун собиқи “Амонатбонк” Маҳмадамин Маҳмадаминов ба ивази Шукурҷон Зуҳуров, ки низ ба парлумон рафт, вазири шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии ин кишвар ва муовини вазири шуғли аҳолӣ Суман Тағоева ба ҷойи вакили дигари парлумон Хайриннисо Юсуфӣ раиси кумитаи зан ва оила таъйин шуд.
XS
SM
MD
LG