Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай роҳии Покистон мешавад


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай имрӯз ба Покистон сафар мекунад. Интизор меравад, як мавзӯъи аслии музокироти ӯ нақше шавад, ки Исломобод метавонад дар музокироти эҳтимолии Кобул бо Толибон бозӣ кунад. Покистон дар гузашта аз давлати Толибон пуштибонӣ мекард ва дар ин авохир изҳор дошт, ки мехоҳад дар раванди мусолиҳа бо ҷангиёни мӯътадил мушорикат кунад.
Тайи ҳафтаҳои охир Покистон, бино ба хабарҳо, ҳамчунин чандин раҳбарони Толибони Афғонистон, бо шумули раҳбари дуввуми ин гурӯҳи тундрав Мулло Бародарро боздошт кард.
Ин сафари дурӯза нахустин дидори Карзай аз Покистон баъд аз расиданаш ба даври дуввуми раёсат мебошад.
XS
SM
MD
LG