Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Байден имрӯз бо фаластиниҳо мулоқот мекунад


Ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден имрӯз дар каронаи бохтарии рӯди Урдун бо раҳбарони фаластинӣ мулоқот мекунад.
Ин мулоқот ҳамагӣ як рӯз баъд аз эълони барномаи Исроил дар бораи эҳдоси 1600 манзили дигар дар Байтулмуқаддаси шарқӣ доир хоҳад шуд.
Ин иқдом метавонад талошҳо ҷиҳати эҳёи раванди сулҳи Ховари Миёнаро метавонад аз нав халалдор кунад, чунки фаластиниҳо иддао доданд, ки пойтахти давлати ояндаи онҳо бояд маҳз дар Байтулмуқаддаси шарқӣ сохта шавад.
Байден тасмими Исроилро маҳкум кард ва дар баёнияе гуфт, ки ин амал ҳусни лозими эътимодро дар пешорӯи музокироти ғайримустақими сулҳи минтақа латма мезанад.
Мақомоти фаластинӣ ҳушдор додаанд, ки барномаи Исроил ҷиҳати сохтани шаҳракҳои яҳудинишин метавонад ҷараёни музокиротро ба ҳам занад. Ба бовари онҳо, Исроил ба музокироти ҷиддӣ бо фаластиниҳо манфиатдор нест.
XS
SM
MD
LG