Пайвандҳои дастрасӣ

Хонаи пиронсолони шаҳри Панҷакент ягона муассиса дар водии Зарафшон аст, ки даҳҳо мӯйсафедону пиразанони бекасу бехонаро гирд овардааст.

Бобои Шаҳоби 82-сола, яке аз сокинони ин хона-интернат, гирякунон нақл мекунад, ки баъд аз фавти завча ва тира шудани чашмонаш, духтари ягонааш ӯро рондааст. Вай 10 сол аст, ки хонаи пиронсолони шахри Панҷакентро макони зисти даврони пирии хеш қарор додааст.

Бобои Шаҳоб аз он шукр мекунад, ки чунин хонаи пиронсолон дар водии Зарафшон вуҷуд дорад.

Ва мисли ӯ даҳҳо мӯйсафедону пиразанони бекасу кӯй ва ё аз сӯи фарзандону наздикон рондашуда дар ин хонаи умеди ягона умри боқимондаи хешро сипарй мекунанд.

Ба гуфтаи бобои Шаҳоб, аз шароити хона-интернат изҳори қаноатмандӣ мекунад ва мегӯяд, «се вақт чою хӯрокамро ҳозир мекунанд, хонаам гарм аст, камбудие надорам. Ман аз ин хона интернат розиам».

Афзоиши солмандони рондашуда


Моҳира Амонқулова, сарвари хонаи пиронсолони шаҳри Панҷакент, гуфт, ин хона-интернат аз соли 1999 таъсис ёфтааст ва дар солҳои аввал ҳамагӣ дар он 15 нафар солмандон будубош доштанд.

Аммо, гуфт ӯ, ҳоло дар он 80 нафар солмандону 20 нафар кӯдакони маъюб ба cap мебаранд, ки барояшон тамоми муҳимоти зиндагй фароҳам шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, солҳои ахир шумори солмандони аз хона рондашуда дар ин муассиса рӯ ба афзоиш аст. Вай мегӯяд, «агар се сол пеш ҳамагй 5 нафар чунин мӯйсафедону пиразанон дар хона-интернат ба сар мебурд, ҳоло шумораи онҳо ба 15-20 нафар расидааст».

Хонум Амонқулова мегӯяд, «хона-интернат аз чониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ сарпарастй мешавад ва хамчунин мардуми маҳаллӣ ва хукумати шаҳри Панҷакент кумакҳои моливу пулӣ мерасонанд».

Роҷеъ ба ин падидаи номатлуб аз сокинону соҳибназарони шаҳри Панҷакент пурсон шудем. Луқмони Қурбон, адиб ва сардабири рӯзномаи махаллии «Зарафшон», мегӯяд, «мушоҳидаҳо собит месозанд, ки иддае аз ҷавонон суннати ниёгон - эҳтироми падару модарро фаромӯш сохта, онҳоро таҳқиру азият мекунанд ва ё аз хонаҳо меронанд, ки ин гуноҳи нобахшиданист».

Пас аз ин сӯҳбатҳо ба ҳангоме, ки аз ин макони зисти солмандон берун омадам, дарёфтам, ки агарчи эшон аз ҷониби фарзандон ва наздикони хеш муҳаббату парасторӣ надидаанд, вале маҳз ғамхориву меҳрубониҳои кормандони хонаи пиронсолон ва ашхоси хайрхоҳ, онҳо овораву дарбадар нашудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG