Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди Аҳмадинажод аз Кобул


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод, ки имрӯз дар Кобул бо ҳамтои афғонаш Ҳомиди Карзай мулоқот дошт, гуфт, Эрон ҳузури нирӯҳои хориҷиро роҳи ҳалли сулҳи Афғонистон намешуморад. Аҳмадинажод Амрикоро айбдор кард, ки дар Афғонистон “бозии дугуна” пеш мебарад. Ӯ афзуд, ки кишвараш пуштибонии комили худ аз давлати Афғонистон ва эъмори муҷаддади ин кишвари ҷангзадаро идома хоҳад дод.
Аҳмадинажод субҳи имрӯз замоне вориди Кобул шуд, ки вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс бо анҷоми дидори серӯзааш тарки Афғонистон мекард.
XS
SM
MD
LG