Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми мурофиаи 56 узви "Ҷамоаи Таблиғ"


Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаи 56 нафари муттаҳам ба узвият дар гурӯҳи мазҳабии “Ҷамоаи таблиғ”-ро ба поён овард ва аз ин шумор 23 нафарро ба мӯҳлати аз 3 то 6 сол маҳкум ба зиндон кардааст. 33 муттаҳами дигар ба маблағи аз 1000 то 2000 маоши ҳадди ақал, муодили аз 35000 то 70 000 сомонӣ, ҷарима баста шуданд. Мақомот мегӯянд, мурофиаи парванда ба далоили амниятӣ дар як боздоштгоҳи Душанбе доир шуд. Тоҷикистон фаъолияти “Ҷамоаи таблиғ”-ро ҳанӯз соли 2006 расман манъ кардааст, вале исми ин гурӯҳ бори аввал дар моҳи апрели соли гузашта, вақте сарусадо кард, ки мақомот дар як масҷиди Душанбе 124 пайрави ин ҷамоатро боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG