Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Шайх Муҳаммадсаид Тантовӣ


Шайх Муҳаммадсаид Тантовӣ, раҳбари Донишгоҳи Ал-Азҳари Қоҳира, аз мӯътабартарин таълимгоҳҳои мазҳабии ҷаҳони Ислом, дар синни 81 бар асари сактаи қалб даргузашт.
“Мино”, хабаргузории расмии Миср, мегӯяд, Шайх Тантовӣ дар ҷараёни сафараш ба Арабистони Саудӣ ба хотири ширкат дар як маросими динӣ аз олам чашм пӯшид.
Ал-Азҳар, ки як масҷиди ҳазорсола ва маҷтамаъи донишгоҳҳои мазҳабиро дар бар мегирад, маъруфтарин таълимгоҳи масоили Исломи суннӣ маҳсуб мешавад.
Дидгоҳи мӯътадили Шайх Муҳаммадсаид Тантовӣ ба бархе масоили баҳсӣ, аз ҷумла ба ҳуқуқи зан, хашми рӯҳониёни муҳофизакорро бармеангехт. Дар ин авохир Шайх Тантавӣ як идда фатвоҳои зиддунақиз низ содир кард, ки якеаш қарори соли гузаштаи ӯ дар бораи манъи пӯшидани ниқоб барои донишҷӯдухтарон дар тамоми макотиби духтаронаи зери назорати Донишгоҳи Ал-Азҳар буд.
Шайх Муҳаммадсаид Тантовӣ, ки тайи 10 сол муфтии аъзами Миср буд, соли 1996 имоми аъзами масҷиди Ал-Азҳар ва шайхи аъзами Донишгоҳи Ал-Азҳар таъйин шуд.
Шайх Муҳаммадсаид Тантовӣ дар моҳи октябри соли гузашта ба хотири ширкат дар анҷумани бахшида ба Соли Имоми Аъзам ба Тоҷикистон низ сафар карда буд.
XS
SM
MD
LG