Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин ҷарроҳии табдили ҳуҷайраҳои бунёдӣ


Рӯзи 9 март дар Маркази кардиохирругии Тоҷикистон барои нахустин бор тавассути амалиёти ҷарроҳӣ ҳуҷайраҳои бунёдӣ дар бадани 2 маризро табдил карданд. Ин амалиёти ҷарроҳиро гурӯҳи табибони кардиологи тоҷик бо кӯмаки Масъуди Миршоҳӣ, як донишманди эронитабори муқими Фаронса анҷом додаанд.
Миршоҳӣ раҳбарии ин барномаи тиббиро дар Тоҷикистон бар ӯҳда дорад. Ба навиштаи хабаргузории расмии “Ховар”, Тоҷикистон нахустин кишвари Осиёи Марказӣ ва баъд аз Эрону Ҳинд ва Чин чаҳорумин кишвари Шарқ аст, ки даст ба ҷарроҳии табдили ҳуҷайраҳои бунёдӣ мезанад.
XS
SM
MD
LG