Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М. Маҳмадаминов вазири шуғли аҳолӣ таъйин шуд


Бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, Маҳмадамин Маҳмадаминов вазири шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии ин кишвар тайъин шуд. Оқои Маҳмадаминов, ки то кунун раҳбарии “Амонатбонк”-ро бар ӯҳда дошт, дар ин вазорат Шукурҷон Зуҳуровро иваз мекунад. Зуҳуров дар интихоботи рӯзи 28 феврал аз ҳавзаи Рашт вакили Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон интихоб шуд.
Муовини ҳамакнун собиқи вазири шуғли аҳолӣ Суман Тағоева ба ҷойи Хайриннисо Юсуфӣ, ки низ вакили парлумон интихоб шудааст, раиси кумитаи ҳукумат дар умури зан ва оила таъйин шуд.
Ва ба ҷойи Марҳабо Ҷабборова, ки низ дар интихоботи ахир ғолиб омад, бо фармони ҳукумат Носирҷон Салимовро ректори Донишкадаи забонҳо ба номи Сотим Улуғзода интисоб кардаанд. Салимов то кунун ректори Донишгоҳи Хуҷанд буд.
XS
SM
MD
LG