Пайвандҳои дастрасӣ

Субҳи имрӯз ҳаракати мусофирбарҳои «Тангем» дар хатсайри 25-и шаҳри Душанбе аз сӯи кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ манъ шудааст.

Бар асари ин иқдом беш аз 100 ронандаи «Тангем» бо мошинҳои худ дар минтақаи Зарафшони пойтахт ҷамъ омада, хостори ташреҳи ин иқдом шудаанд.

Аммо то соати 12-и рӯз касе аз намояндагони ниҳодҳои расмӣ сабаби чунин тасмимро ба онҳо шарҳ надодааст.

Ронандагон бо изҳори нигаронӣ аз ин иқдом мегӯянд, ки онҳо асноди зарурӣ ва иҷозатномаи мусофирбариро дар даст доранд.

Ҳоло дар ин хатсайри 25 танҳо мусофирбарони тамғаи «Газел» ва автобусҳо ҳаракат мекунанд, ки ба гуфтаи мусофирон, мушкили шадид нақлиётро ба бор овардааст.

Ин дар ҳолест, ки дар дигар хатсайрҳо ҳаракати «Тангем»-ҳо ба таври маъмул идома дорад.




Мақомоти масъули шаҳрдории Душанбе ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки "ин иқдом ба хотири таъмини амнияти мусофирон ва танзими ҳаракати нақлиёти мусофирбар гирифта шудааст". Ба гуфтаи онҳо, дар хатсайри 25 ҳудуди 50 микроавтобус, ки бо рақамҳои нави давлатӣ таъмин шудаанд ва иҷозаи мусофирбарӣ доранд, мусофиркашонӣ мекунанд.

Мусофирбарҳои сохти чинии, маъруф бо номи «Тангем» тайи якчанд соли ахир ба навъи аслии нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе табдил шудааст. Сокинони Душанбе мегӯянд, ки маҳз ин навъи мусофирбарҳо камбуди нақлиёт дар пойтахтро коҳиш додааст.

Соли гузашта мақомоти шаҳри Душанбе ҳаракати мусофирбарҳои «Тангем»-ро дар роҳҳои марказии шаҳр манъ карда буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG