Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико дар Бодканд пойгоҳ бунёд намекунад


Пойгоҳи низомии Амрико дар Манаси Қирғизистон
Пойгоҳи низомии Амрико дар Манаси Қирғизистон

Сафорати ИМА дар Бишкек хабари бархе аз расонаҳои маҳаллӣ дар мавриди тасмими Амрико барои таъсиси пойгоҳи нави низомӣ дар ҷануби Қирғизистонро рад кард.

Дар изҳороти сафорати Амрико гуфта мешавад, ки «Иёлоти Муттаҳида барои таъсиси пойгоҳи низомӣ дар ҷануби Қирғизистон нақшае надорад ва талош ҳам нахоҳад кард».

Вале сафорат таъйид кардааст, ки Амрико бо дархости ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканд таъсиси як маркази тамрини зидди террорро маблағгузорӣ мекунад, ки он ба худи Қирғизистон тааллуқ хоҳад дошт.

Бино ба изҳорот, ҷониби ИМА барои бунёди ин марказ 5,5 миллион доллар кӯмак мекунад, аммо ҳадаф надорад, ки аз он истифода намояд. Интизор меравад сохтмони ин маркази тамринӣ соли оянда шурӯъ шавад.

Сафорати Амрико ин тарҳро яке аз бахшҳои барномаи кумак ба Қирғизистон номидааст. Қаблан бо кумаки молии Амрико дар Қирғизистон як бемористони низомӣ ва маркази омӯзишӣ дар назди вазорати умури дохилии ин кишвар бунёд шуда буд.

Тасмими таъсиси маркази тамринӣ дар Бодканд дар ҳолест, ки миёни Маскав ва Бишкек низ барои бунёди чунин як ниҳоди низомӣ музокирот идома дорад. Интизор меравад, ки маркази тамринии Русия низ дар ҷануби Қирғизистон дар минтақаи Ӯш бунёд шавад.

Қирғизистон ягона кишвари Осиёи Марказист, ки дар он ҳамзамон пойгоҳҳои низомии ду кишвари абарқудрат – Амрико ва Русия мустақаранд.

Пойгоҳи низомии ИМА дар фурӯдгоҳи «Манас» декабри соли 2001 тибқи мандати СММ барои пуштибонӣ аз амалиёти нерӯҳои эътилофи зидди террор дар Афғонистон ифтитоҳ шуда буд.

Ду сол баъд аз ифтитоҳи пойгоҳи «Манас» Русия низ дар минтақаи Канти Қирғизистон пойгоҳи низомии худро таъсис дод.
XS
SM
MD
LG