Пайвандҳои дастрасӣ

Қотилони 20 муҳоҷиро 10 сол ҳукм гирифтанд


Барои қатли зиёда аз 20 муҳоҷири кории Осиёи Марказӣ се узви гурӯҳҳои нажодпарасти Русия ба 10 ва чанд тани дигар ба муддати то 20 соли зиндон маҳкум шуданд. Артур Рино, Павел Скачевский ва Роман Кузин ба ҷурми худ иқрор карданд ва гуфтанд, барои пок кардани хуни рус даст ба куштори муҳоҷирон задаанд. Пажӯҳишҳо нишон додаанд, ки онҳо ҳамчунин дар се куштори дигар низ даст доштаанд, вале бо сабаби синнусоли онҳо, ки ба 17 расидаанд, 10 соли ҳабс баландтарин муҷозоти мумкини Рино ва Скачевский будааст.
XS
SM
MD
LG