Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби тарҳи Исроил ба бунёди шаҳракҳои нав


Исроил тарҳи бунёди 1 600 хонаи нав барои муҳоҷирони яҳудӣ дар шарқи Байтулмуқаддасро ба тасвиб расонд. Ин қароре буд, ки аз тарафи ноиб-президенти Иёлоти Муттаҳида, Ҷозеф Байден маҳкум карда шуд. Байден пас аз мулоқот бо сарвазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу аз ҳампаймонии наздики Амрикову Исроил ва ҳимояти Амрико аз Исроил сӯҳбат кард, аммо баъд аз нашр шудани хабари бунёди манзилҳои нав дар қаламравҳои ишғолӣ, дар изҳороте гуфт, ин иқдом бовари Вашингтонро, ки Исроил дарвоқеъ хостори гуфтушунид аст, халалдор мекунад.
XS
SM
MD
LG