Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони рӯзи нахустин иҷлоси Маҷлиси Намояндагон


Нахустин ҷаласаи ҳайати нави Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон рӯзи 16-уми март баргузор хоҳад шуд. Бо чунин эълон фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нашр расид. Аз 63 курсии палатаи поёни порлумони Тоҷикистон Ҳизби халқӣ-демократӣ 54 курсиро ба худ ихтисос дода, ҳизбҳои наҳзати исломӣ, коммунист, аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ дар порлумон дунафарӣ намоянда хоҳанд дошт. Ҳеҷ яке аз ин ҳизбҳо, ба истиснои ҳизби ҳоким ҳаққи ташкили ҷиноҳи худ дар порлумонро нахоҳанд дошт, зеро чунин ҷиноҳ метавонад, танҳо дар сурати доштани 5 вакил имконпазир мешавад. Нозирони ғарбӣ, ки маъракаҳои интихоботииро мушоҳида карданд, мегӯянд, интихоботи порлумонии 28-уми феврал дар Тоҷикистон
XS
SM
MD
LG