Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду мухолифи давлати Русия дар Воронеж


Ду узви фаъоли Иттиҳоди демократии мардум, як созмони мухолифони давлати Русия дар Воронеж боздошт шудаанд. Мақомоти Русия мегӯянд, Александр Болдирев, раҳбари бахши вилоятии Иттиҳоди демократии мардуми Русия дар Воронеж ва узви ин созмон Владимир Финаев барои аъмоли ғайриқонунӣ боздошт шудаанд. Сухангӯи Иттиҳоди демократии мардум дар Маскав ба радиои Озодӣ гуфт, номбурдагон дар ҳоле боздошт шудаанд, ки рӯзномаи оппозисюнии "Мо, шаҳрвандон"-ро ба раҳгузарон тақсим мекарданд.
XS
SM
MD
LG