Пайвандҳои дастрасӣ

“Аватар” ҷоизаи Оскарро бохт


Лаҳзае аз филми "Аватар"-и Ҷеймс Кемерон

Лаҳзае аз филми "Аватар"-и Ҷеймс Кемерон

Бар хилофи интизори аксар, филми “Аватар”-и Ҷеймс Кемеронро, ки муддаии аслии Оскар дониста мешуд, ин ҷоизаро набурд. Филми завҷаи собиқи ӯ Катрин Бигеллов бо номи “Майдони хатар”-ро беҳтарин филми сол донистанд.

Хонум Бигелов ҳамин тавр ҳамчун беҳтарин коргардони сол як ҷоизаи дигари Оскарро низ ба даст овард. “Маҳлака” ба сурати умум имсол 6 ҷоизаи Оскарро ба худ ихтисос дод.

Ин дар ҳолест, ки “Аватар”, ки дар толорҳои синамоии дунё беш аз дувуним миллиард доллар ҷамъ овард, соҳиби ҳамагӣ се “Оскар” шуд ва он ҳам дар риштаҳои начандон муҳим.

Барои нахустин бор дар 82 соли таърихи ҷоизаҳои “Оскар”, имсол ду ҷоизаи асосӣ - барои беҳтарин филм ва беҳтарин коргардон - насиби як коргардони зан шуд.

Аз оғоз маълум буд, ки имсол рақобат барои дарёфти бахши ағлаби 23 ҷоизаи “Оскар”, ки дар бахшҳои мухталифи филмбардорӣ эъто мешаванд, байни филми тахайюлии “Аватар”-и Ҷеймс Кемерон ва “Майдони хатар”-и Катрин Бигелоу, ки аз ҳаёти пурхатари миначинҳои амрикоӣ дар Ироқ аст, сурат хоҳад гирифт. Ин ду филм ҳар кадом барои 9 ҷоизаи “Оскар” вориди рақобат шуданд. Аз сӯи дигар, барои дарёфти ҷоизаҳои имсолаи “Кӯрраи тилоӣ” низ рақобати аслӣ миёни ҳамин ду филм буд, ки дар ниҳоят ҷоизаи асосиро дар он сабқат “Аватар” бо худ бурд. Омили дигаре, ки ба оташи рақобати миёни маҳз ҳамин ду филм равғани бештар мерехт, завҷаи собиқи Ҷеймс Кемерон будани Катрин Бигелоу буд.

Пирӯзӣ дар “Кураи тилоӣ” ва ба фарқ аз 20 миллион доллари “Майдони хатар”, дар синамохонаҳои дунё беш аз дувуним миллиард доллар ҷамъ овардани “Аватар” ва ҳам истифодаи фаровони муаллифи “Титаник” аз фанновариҳои навин ва дар формати 3Д рӯи навор омадани “Аватар” ин ҳама гӯё аз он дарак медод, ки Ҷеймс Кемеронро шаби якшанбеи 7 март дар Ҳолливуд боз як шаби пирӯзӣ дар пеш аст.

Вале наздики 6 000 узви Фарҳангистони синамо умеди ин коргардони варзидаро барбод доданд ва ба тахти пирӯзӣ на Кемерон, балки завҷаи собиқи ӯ Катрин Бигелоуро нишонданд.

Бо он ки ҷоизаҳои “Оскар” барои бори 82-юм эъто мешаванд, то кунун ҳамагӣ 4 зан дар бахши беҳтарин филм ва беҳтарин коргардон муддаии ин ҷоиза шудаанд. Вале Катрин Бигелоу нахустин ҳунарманди зан буд, ки ин ду мӯътабарин ҷоизаҳо аз байни 23 ҷоизаи “Оскар”-ро ба даст овард: “Ман ҳарфи дигаре барои тасвири ин лаҳза надорам ба ҷуз ин ки бигӯям, ин муҳимтарин лаҳзаи зиндагист. Пеш аз ҳама, бароям худи ҳузур дар миёни ин ҳама довталабони қавӣ, ин ҳама филмбардорони нирӯманд, ки ман аз онҳо сабақҳо омӯхтаам ва ҳунари бархеи онҳо тайи даҳсолаҳо маро ба ваҷд меовард, як кори ғайриоддист. Ташаккур ба ҳама аъзои Фарҳангистон. Ва бори дигар мегӯям, ки ин муҳимтарин лаҳзаи зиндагист.”

Катрин Бигелоу гуфт, ҷоизаҳои бадастовардаи филми “Майдони хатар”-ашро ба он мардону занони низомие мебахшад, ки ҳаёти худро ҳар рӯз дар Ироқу Афғонистон ва дар гӯшаҳои дигари дунё зери хатар мегузоранд.

Ва аммо ба фарқ аз Катрин Бигелоу, шаби тақдими ҷоизаҳои “Оскар” барои рақиб ва ҳамсари собиқи ӯ Ҷеймс Камерон ва филми пуровозаи “Аватар” иқбол наовард. “Аватар” ҳамагӣ се “Оскар” гирифт ва он ҳам ҷоизаҳои фанние, чун беҳтарин наворбардор, беҳтарин эффектҳо ва беҳтарин ороиш. Умеди Камерон ва мухлисонаш, албатта, хеле бештар аз ин буд.

Хусусан баъди онки “Аватар” дар синамохонаҳои дунё беш аз дувуним миллиард доллар, маблағи ҳамсанг бо будҷаи давлатҳои алоҳидае, чун Тоҷикистонро ҷамъ овард ва дар сабқати пурфурӯштарин филмҳои дунё ҳатто аз “Титаник”, дигар маҳсули ҳунари худи Ҷеймс Камерон пеш гузашт ва аввал шуд, аксар мутмаин буданд, ки “Оскар” алакай дар ҷайби ӯст. Дар формати 3Д рӯи навор омадани ин филми тахайюлӣ ва истифодаи фаровони муаллифони “Аватар” аз фанновариҳои навин, ба назари мунаққидони синамо, марҳалаи наверо дар санъати филмсозии ҷаҳони муосир боз мекунад. Вале ба назари бархе мунаққидини дигар, аз ҷумла маҷаллаи амрикоии “Тайм” сабаби нокомии Ҷеймс Камерон ва “Аватар” дар маросими имсолаи “Оскар” низ ҳамин муваффақиятҳояш будааст.

Ба навиштаи ин маҷалла, аксари аъзои Фарҳангистони синамои Амрико, ки барандагони ҷоизаҳои “Оскар”-ро интихоб мекунанд, солхӯрдаанд ва ба равандҳои ҷадиди филмсозӣ, чун формати 3Д назари муҳофизакорона доранд.

Аз дигар ҷоизаҳои ангуштнамои “Оскар” яке барои беҳтарин ҳунарманди мард аст, ки имсол Ҷеф Бриҷес барои иҷрои нақши асосӣ дар филми “Дили девона” ба дасташ овард, ва якеи дигар барои беҳтарин ҳунарпешаи зан, ки ин дафъа насиби Сандра Баллок барои филми “Ҷониби торик шуд.

Ҷоизаи “Оскар” барои беҳтарин филми хориҷиро имсол филми “Рози чашмони онҳо”-и коргардони аргентинӣ Хуан Хосе Кампанелла ба худ ихтисос дод. Ин филм достони як додситони собиқ аст, ки як парвандаи куштор ва таҷовуз ба номусро ҳеҷ наметавонад фаромӯш кунад.

Расми тақдими ҷоизаҳои “Оскар”-ро имсол дар Амрико 41 миллион нафар тамошо кардаанд, ки назар ба соли гузашта 5 миллион нафар бештар будааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG