Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Русия аз Шветсия барои "бандит"-ҳои чечен


Имрӯз Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия аз Шветсия барои додани паноҳгоҳ ба чеченҳои ба қавли худаш" бандит" дар он кишвар интиқод кард. Вай дар ин бора дар кохи Кремл баъд аз мулоқоташ бо Фредерик Рейнфелдт-нахуствазири Шветсия сӯҳбат кард. Вай гуфт, умед дорад, ки кор дар ин замина дар чаҳорчӯбаи тавофуқоти имзошудаи миёни Додситониҳои Кулли ҳар ду кишвар идома хоҳад ёфт. Дар гузашта Русия аз Шветсия интиқод карда буд, ки шӯришиёни чечен, аз қабили Аслан Адаевро ба Маскав истирдод намекунад.
XS
SM
MD
LG