Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи вазири собиқи Қирғизистон мавқуф гузошта шуд


Мурофиаи додгоҳии Аликбек Ҷекшенқулов-вазири собиқи умури хориҷаи Қирғизистон то рӯзи дигар ба таъхир андохта шуд. Вай барои тахаллуфоти молӣ дар солҳои 2005-2007, яъне дар солҳои раҳбариаш бар вазорати хориҷа муттаҳам дониста мешавад. Вайро ҳамчунин дар даст доштан дар куштори як тоҷири Туркия муттаҳам медонистанд, вале ин иттиҳомро ахиран аз парвандаи вай бардоштанд. Ҷекшенқулов 9-ӯми марти соли 2009 боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG