Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия омода нест сафири худро пас фиристад


Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия гуфт, кишвараш омода нест, сафири худро ба Амрико пас фиристад. Баъд аз тасвиби санаде дар Кумитаи корҳои хориҷаи Конграи Амрико дар бораи эътирофи қатли оми арманиҳо аз сӯи туркҳои усмонӣ дар соли 1915 Туркия сафири худро аз Вошингтон фаро хонд. Эрдуғон зимни суханони худ дар Арабистони Саудӣ ба ин нукта ишора кард, ки Туркия сафири худро пас нахоҳад фиристод, то замоне, ки дар бораи сарнавишти қатъномаи Кумитаи корҳои хориҷаи Конграи Амрико посухи мушаххас нагирад. Вай дар ин бора ҷузъиёти бештар надод. Вай ҳамчунин афзуд, Амрико набояд барои чунин масъалаи ночиз шарики стротегии худро, мисли Туркия, аз даст диҳад.
XS
SM
MD
LG