Пайвандҳои дастрасӣ

Марина Салйе, аз мунтақидони сарсахти Владимир Путин, сарвазири Русия, баъди даҳ соли гӯшанишинӣ сукути худро шикаст.

Дар солҳои 90-ум, замоне ки сарвазири кунунии Русия Владимир Путин раҳбарии кумитаи равобити иқтисодии хориҷии шаҳри Санкт-Петербургро бар ӯҳда дошт, Марина Салйе аз вакилони фаъоли Шӯрои ин шаҳр буд. Ӯ ҳамчунин раҳбари куммисиюни вижаи Ленсовет буд, ки мавориди фаровони сӯъиистифодаи шаҳрдори вақти Петербург Анатолий Собчак ва узви тими ӯ Владимир Путин аз мақомро ошкор карда, масъалаи барканор кардани онҳоро матраҳ кард.

Дар соли 2000-ум, ки Путин номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии Русия шуд, Марина Салйе башиддат алайҳи номзадии ӯ мубориза бурд, вале дар пайи пирӯзии Путин аз сиёсат канор рафт ва дар як рустои дурдасте дар вилояти Псков гӯшанинишиниро ихтиёр кард. Инак, баъди 10 соли хомӯшӣ ӯ дигарбора садо баланд кардааст, то пардаи деринаи сукутро дар атрофи номи Путин бидарад.

Се солгард

Русия дар оғози соли 2010 якбора чанд солгард дошт: Солгарди даҳуми ба қудрат расидани Владимир Путин, солгарди даҳуми даргузашти шаҳрдори пешини Санкт-Петербург Анатолий Собчак ва солгарди низ даҳуми гӯшанишинии вакили собиқи Шӯрои шаҳри Петербург Марина Салйе. Ончӣ ки ин се солгардро ба ҳам мепайвандад, макони воҳид, яъне ҳамон як Санкт-Петербург аст, ва ҳам исми Владимир Путин, ки баъди ду давраи ифои вазифа ҳамчун раисиҷумҳури Русия дубора ба курсии сарвазирии ин кишвар нишаставу ба гуфтаи мунтақиди сарсахташ Марина Салйе, лаҷоми қудратро “сар медиҳаду намедиҳад сар.”

Ин вакили дар солҳои навад чунин пурҷасорат, ки акнун пой ба синни 66 ниҳода, пирӣ ба сару мӯяш низ сахт панҷа задааст, мӯътақид аст, ки роҳи Русия ба сӯи низоми худкома ва зери по кардани ниҳодҳои парлумонӣ аз ҳамон соли 1992 оғоз мегирад, ки Анатолий Собчак ва муовини ӯ дар умури равобити хориҷӣ Владимир Путин натиҷаҳои таҳқиқоти анҷомдодаи куммиссиюни вижаи Шӯрои шаҳри Санкт-Петербургро нодида гирифтанд. Ин куммиссиюн ба натиҷае расида буд, ки тими Собчак, аз ҷумла Путин, дар фурӯши ғайриқонунии фулузоти нодиру маҳсулоти нафтӣ ва соъир анвоъи ашёи хом ба маблағи садҳо миллион доллар даст доранд ва ба ин далел бояд барканор шаванд.

"Санкт-Петербурги гурусна дар солҳои 90-ум"

Марина Салйе мегӯяд, дар авоили солҳои 90 Русия ва ҳамин тавр, Санкт-Петербург ба камбуди шадиди маҳсулоти ғизоӣ дучор шуда буд ва ба хотири таъмини мардум он солҳо аз бартер истифода мебурданд, ки дар як он ба манбаъи даромади афроди наздик ба мақомдорони вақт табдил ёфт.

Гурӯҳи корие, ки Шӯрои шаҳри Санкт-Петербург таҳти раҳбарии хонум Салйе таъсис дод, бояд бо таҳқиқи қарордодҳои бартерии аз номи шаҳрдорӣ имзошуда мушаххас мекард, ки чаро бо вуҷуди ба хориҷ фурӯхтани чӯбу тахтаву нафт ва фулузоти нодир ба маблағҳои бузург “пойтахти шимолӣ”-и Русия натавонист аз панҷаи бӯҳрони ғизоӣ халос шавад.

Марина Салйе мегӯяд: “Маълум шуд, ки созишномаҳо бо ширкатҳое имзо шудаанд, ки Худо медонад, аз куҷо пайдо шудаанд. Ин ширкатҳо яқинан ҳама ширкатҳои ҷаълӣ ва якрӯза буданд. Муҷавизи фаъолиятро ба ин ширкатҳо кумитаи равобити иқтисодии Санкт-Петербург, яъне Владимир Путин медод. Бархеи муҷавизҳоро худи Путин, вале бештар як муовини ӯ бо номи Аникин имзо мекард, ҳарчанд онҳо чунин ҳаққ надоштанд. Вале дар натиҷа маҳсулот пайваста ба хориҷ содир мешуду дар ивазаш ягон навъ ғизо намеомад.”




Шӯрои шаҳрӣ аз натоиҷи таҳқиқоти ин куммиссиюн дар соли 1992 пуштибонӣ кард, вале, мегӯяд Марина Салйе, Анатолий Собчак, ки дар зеҳни маҳофил ҳамчун як раҳбари гӯё демократ нақш бастааст, нафақат аз иҷрои ин қарор даст кашид, балки ба Путин мақоми боз ҳам баландтар дод ва баъдан ӯро барои парвозҳои боз ҳам баландтар ба Маскав фиристод.

"Собчак бояд боздошт мешуд"

Анатолий Собчак то тавонист ба таҳқиқи ин парвандаи чандсадмиллиондолларӣ мамониат кард, вале вале вақте соли 1996 интихоботи шаҳрдориро ба муовини пешинаш Владимир Яковлев бохт, таъқиби ӯ алакай бо баҳонаҳои дигар оғоз ёфт ва ҳатто масъалаи боздошти Собчакро ба миён овард.

Аммо Владимир Путин, ки алакай ба Маскав рафта буд ва акнун ба парвозҳои баланд дар арши сиёсии Русия омодагӣ мегирифт, ба кӯмаки устодаш расид. Собчакро ибтидо бо баҳонаи мариз будани қалбаш дар як шифохона ҷо карда, сипас тавассути ҳавопаймо ба хориҷ бурданд.

Марина Салйе мегӯяд, бидуни мусоидат ва ҳамдастии Путин, ки шояд аз ошкор шудани корҳои бо Собчак шарикона анҷомдодааш метарсид, шаҳрдори собиқи Санкт-Петурбург наметавонист аз таъқиби мақомот раҳо шавад.

Ӯ мегӯяд: “Рӯзе Собчак бо ёрии Путин тавассути ҳавопаймо ба Финландия парвоз кард ва аз он ҷо ба Порис рафт. Путин ӯро фиристод, вале худаш инҷо монд. Ман Собчакро тасодуфан дар пойтахти Фаронса дида будам. Ва вақте ки Борис Елтсин зимоми қудратро ба дасти Владимир Путин супурд, Собчак хиёл кард, ки акнун ҳама чиз пушти сар шуд, касе дигар ӯро таъқиб намекунад ва ӯ метавонад таҳти чатри ҳимояти Путин метавонад оромона ба Русия баргардад. Ӯ баргашт, вале маълум шуд, ки иштибоҳ кардааст. Кори ӯ дар ниҳоят хеле бад анҷом шуд.”

Марина Салйе мӯътақид аст, ки Анатолий Собчак дар 10 соли пеш бо марги худ намурд, балки ба ӯ “кӯмак” карданд, то дар остонаи интихоботи раёсатҷумҳурии Русия, ки Путинро ба таври машрӯъ ба чавкии қудрат нишонд, аз ин дунё биравад ва сирри солҳои ҳамкориаш бо Путинро бо худ ба гӯр бибарад.

"Путин ҳанӯз раҳбари аслии Русия аст"

Марина Салйе мегӯяд, сабаби ин қадар сол дар як рустои дурдаст дар вилояти Псков гӯшаи узлат ихтиёр кардани ӯ низ аз тарс буд, ки мабодо ӯро ҳам аз байн бубаранд. Салйе мегӯяд, аз ҳамон оғоз алорағми ҳамсангаронаш аз ҷунбишҳои демократӣ мухолифи номзадии Путин буд, зеро бовар дошт, ки ӯ қудратро дигар ба касе пас нахоҳад дод. Ба эътиқоди ӯ, раҳбари аслии Русия то ҳол Путин аст ва Дмитрий Медведев дар рикоби ӯ танҳо як нақши намоиширо бозӣ мекунад.

Бо ин вуҷуд, бо ҳамон ҷасорати солҳои навадумаш мегӯяд, асноди ҷамъовардаи он куммиссиюни таърихиро то ҳол дар даст дорад ва акнун дар садади навиштани ёддоштҳояш аст, ки як бахши умдааш бар пояи ҳамон асноди соли 1992 хоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG