Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ин ҳафта боздиди дурӯзаи Путин аз Ҳинд оғоз мешавад


Ҳафтаи ҷорӣ Владимир Путин-нахуствазири Русия барои боздиди дурӯза ба Ҳиндустон меравад. Дар як эъломияи мунташира ҳукумати Русия гуфтааст, ба нақша гирифта шудааст, ки дар ҷараёни ин боздид доираи васеъи ҳамкориҳои стротегии миёни ин ду кишвар баррасӣ шавад. Ин боздид шоми панҷшанбе оғоз мешавад ва дар ҷараёни он то охири рӯзи ҷумъа Путин ба нақша гирифтааст, ки бо Манмуҳон Сингҳ-нахуствазир ва бо хонум Пратибҳа Патил-раиси ҷумҳури Ҳиндустон мулоқот кунад. Русия кишвари аслии таъминкунандаи аслиҳаи Ҳиндустон ба шумор меравад ва 70 дарсади аслиҳаи низомиаш сохти Русия аст. Равобити густардаи миёни ин ду кишвар аз солҳои Шӯравии собиқ сарчашма мегирад.
XS
SM
MD
LG