Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден ҳимояти Амрико аз Исроилро таъйид кард


Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико Исроилро мутмаин сохт, ки Амрико аз амнияти ин кишвар ба таври густарда ҳимоят мекунад. Байден баъд аз дидор ва гуфтугӯ бо Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил дар Байтулмуқаддас гуфт, вай мутмаин аст, ки Исроил омода аст ба сӯи сулҳ дар Ховари Миёна қадам бардорад. Байден гуфт:

"Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамеша бо онест, ки ба сӯи сулҳ гом бармедоранд ва барои чунин кор омодаанд".

Нетаняҳу гуфт, бартариҳои амниятии Исроил бо назадошти сулҳ бо фаластиниҳо ва бо ҳамсоягони араби онҳо пайрезӣ мешавад ва бо назардошти ин, ки Эрон аслиҳаи ҳастаӣ намесозад. Чанд соат қабл аз ин мулоқот Ҷо Байден изҳор дошт, ки ҷонибҳои Исроилу Фаластин ба музокироти ғайримустақими сулҳи Ховари Миёна розӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG