Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон ба 17 нашрия ҳушдор дод


Дар Эрон як ниҳоди назорат бар матбуот ба 17 нашрия ҳушдор додааст ва онҳоро муттаҳам кардааст, ки онҳо дар риояти муқаррароти матбуотӣ камбудӣ доранд. Ба ин нашрияҳо рӯзномаи маъруфи ислоҳталабон бо номи "Баҳор" низ шомил аст ва онро барои чопи матолибе зери унвони "Сару садоҳо ва дурӯғ" муттаҳҳам кардаанд. Ин ҳушдорро имрӯз хабаргузории "Меҳр"-и Эрон ба чоп расондааст. Ин ниҳоди назорат ба матбуот, ки ба давлат муттааллиқ аст, дар гузашта фаъолияти чанд нашрияро мамнуъ эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG