Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гейтс дар Қандаҳор бо низомиёни Амрико мулоқот кард


Роберт Гейтс-вазири дифои Амрико дар ҷануби Афғонистон ба нируҳои амрикоӣ гуфт, барои омодагӣ ба даргириҳои шадидтар бар зидди шӯришиёни Толибон камарро сахттар банданд. Роберт Гейтс дар дуввумин рӯзи боздидаш аз Афғонистон субҳи имрӯз дар наздикии шаҳри Қандаҳор дар пойгоҳи низомии Амрико бо низомиёни амрикоӣ мулоқот кард. Ин дар ҳолест, ки амалиёти нируҳои эътилофи байналмиллалӣ ва Афғонистон бар зидди Толибон дар вилояти Ҳилманд идома дорад ва ба нақша гирифта шудааст, ки чунин амалиёт дар вилояти Қандаҳор низ анҷом бигирад.
XS
SM
MD
LG