Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қиссаи занҳои якуму дуюми қирғиз


Айнагул 58 сола аст. Ин сокини пойтахти Қирғизистон, ки 34 сол қабл хонадор шуд, соҳиби чаҳор фарзанд ва чанд набера мебошад. Шавҳараш, ки дар замони Шӯравӣ як корманди худхоҳи ҳукуматӣ буд, баъди он режим ширкати худро боз кард ва инчунин ба як мусулмони тақводор низ мубаддал гашт.

Зиндагии оилавии Айнагул ду сол қабл ба таври куллӣ тағйир ёфт. Шавҳараш зуд зуд ба муддати як ҳафта ё даҳ рӯз аз хона баромада, бедарак мешуд. Баъдтар вай иқрор шуд, ки зани дуввум гирифтааст. Айнагул мегӯяд: “Шавҳарам марди диндор аст. Вай рӯзе панҷ вақт намоз мехонад. Ӯ ҳоҷӣ аст. Аммо бидуни огаҳ кардани ман зани дуввум гирифт. Ҳамсари дуввумаш ҳамсоли яке аз фарзандонаш аст. Вай гуфт, ки мулло ба ин хонадоршавиаш иҷозат додааст ва онҳоро никоҳ кардааст. Оё шумо чунин иқдомро аз одами ботақво интизор хоҳед шуд?”

Хабари издивоҷи дубораи шавҳараш Айнагулро ба ҳолати шок овард. Вай ин хабарро аз фарзандон ва дӯсту шиносҳояш пинҳон мекунад. Ду соли гузашта барои Айнагул солҳои душворе буд ва ӯ феълан аз маризиҳои камхобӣ ва харобии асаб азият мекашад.

Вақте ки бар асари ин маризиҳо дастони Айнагул ба ларзидан даромаданд, хоҳараш, ягона шахсе, ки сиррашро медонист, ба оилааш ҳақиқатро ошкор карда, ӯро ба маркази бӯҳрони бонувони “Сезим” овард. Раҳбари “Сезим” Бубусара Рисқулова, ки яке аз фаъолтарин ҳомиёни ҳуқуқи зан ба ҳисоб меравад, мегӯяд, муроҷиъати бонувон назири Айнагул ба равоншиносони ин марказ рӯз ба рӯз афзоиш меёбад: “Дар чунин вазъият мо наметавонем ба касе гӯем, ки ин корро кун ё он корро. Мо танҳо метавонем бо онҳо сӯҳбат кунем ва аз ин роҳ кӯмак кунем, ки онҳо бо муруре ба зиндагиашон, дар поёни нақб нуреро пайдо кунанд. Ҳангоме Айнагул ба мо муроҷиат кард, вай дар вазъи бисёр сангин қарор дошт. Вай иқрор шуд, ки мехоҳад ба рӯи шавҳараш ҳангоми хоб оби ҷӯш бипошад. Вай аз кинаву адоват гуё заҳролуд шуда буд. Дастонаш меларзиданд ва такрор ба такрор мегуфт, ки “ман чунин зистан намехоҳам.”

Аз замоне ки Айнагул бори нахуст ба “Сезим” омада буд, чанд моҳ сипарӣ шуд ва акнун нишонаҳои беҳбудӣ дар ӯ ба назар мерасад. Аммо амалкарди шавҳараш дар зиндагии Айнагул дигар тағйиротро низ ба амал овард. Бо вуҷуди он ки вай нисфи моҳро дар манзили муштаракаш бо Айнагул сипарӣ мекунад, вале дигар ба ҳамсараш пул намедиҳад. Айнагул, ки қариб тамоми умрашро ба бузург кардани кӯдаконаш сарф кардааст, маҷбур шуд дар наздики 60 солагиаш барои пайдо кардани қутти лоямут низ талош оғоз кунад.

Хонум Рисқулова гуфт, баъзе занҳои ҷавон ба издивоҷ бо мардҳои пиронсолтар ва сармоядор бартарӣ медиҳанд ва омодаанд, ки зани дуввум шаванд. Онҳо чунин издивоҷро беҳтарин имконият меҳисобанд. Вазъи сангини иқтисодӣ маҷбур кардааст, ки шумораи зиёди мардҳо барои мардикорӣ ба хориҷа раванд ва бонувон интихоби зиёд надошта бошанд. Ба гуфтаи вай, чунин занҳо, ки аз роҳи никоҳ занҳои дуввум шудаанд, тибқи қонун ягон ҳақ надоранд ва хеле осебпазиранд. Дар аксари мавридҳо шавҳарҳо онҳоро азият медиҳанд ва чунин бонувон низ барои ёрӣ ба маркази “Сезим” муроҷиат мекунанд.

Мулло Абудушукур Норматов, яке аз пешвоёни рӯҳонии Қирғизистон, ки дар Миср таҳсил кардааст, мегӯяд, Ислом ба мард иҷоза медиҳад, ки зани дуввум ва севум бигирад, аммо ин бояд сабаби ҷиддӣ дошта бошад. Масалан, агар ҳамсараш мариз бошад ва ё ин ки фарзанд таваллуд карда наметавонад, мард метавонад зани дуввум бигирад. Норматов афзуд, шарт нест, ки мард аз ҳамсари аввалаш барои ин иҷозат бигирад, чунки кадом зан розӣ хоҳад шуд?

Тибқи омори маркази “Сезим”, соли гузашта муроҷиати занҳо бо ёрии таъҷилӣ 40 дарсад афзудааст. Беш аз нисфи ин занҳо қурбонии чандзанӣ, никоҳи ғайриқонунӣ ва ё ҳатто издивоҷ бо истифода аз зӯроварӣ будаанд.
XS
SM
MD
LG