Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъзе тағирот дар сохтори ҳукумати Тоҷикистон


Бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳукумати ин кишвар баъзе тағироти сохторӣ ба амал омадааст. Масалан, Кумитаи давлатии омор ба Ожонсии вобаста ба дафтари раёсати ҷумҳурӣ, Ожонсии заминсозӣ, заминшиносӣ ва харитасозӣ ба Кумитаи давлатии заминсозӣ, заминшиносӣ, ва харитасозӣ табдил ёфт. Раёсати умури динӣ, ки то ҳол дар таркиби вазорати фарҳанг фаъолият мекард, ба Кумитаи умури дини вобаста ба ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфт. Ба ин тартиб чанд тағироти дигари сохторӣ ба вуҷуд омадааст ва ин тағирот бояд дар зарфи се моҳи оянда иҷро шавад.

XS
SM
MD
LG