Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ миллион евро барои Хатлону Суғд


Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар чаҳорчӯби Барномаи коҳиши фақри худ барои деҳоти Хатлон ва Суғд панҷ миллион евро тахсис медиҳад. Намояндагии ИА барои амалӣ гардонидани ин нақшаҳо озмун эълон кардааст ва ин созмон интизор дорад, ки ҳамкорони маҳаллӣ ва барандагони озмун аз ҳисоби худашон низ як миллион евро барои ин тарҳҳо сарф бикунанд. Аз рӯи барнома ба қишрҳои фақири ҷомеа дар ин вилоятҳо бояд имкони ба даст овардани даромад, дарёфти дониш, амнияти ғизоворӣ ва ғ фароҳам оварда шавад.
XS
SM
MD
LG