Пайвандҳои дастрасӣ

Раёсати умури дин дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки аз соли 2006 ба ин сӯ ба танзими фаъолияти муассисаҳои динӣ, сафари Ҳаҷ, таҳқиқи адабиёти мазҳабии ворида ва мавъизаи рӯҳониён машғул буд, дубора ба Кумитаи дин табдил ёфт.

Идибек Зиеёв, сардори раёсати умури дин дар вазорати фарҳанг, дар як тамоси телефонӣ бо мо ҳаҷми зиёди кор дар ин идораро яке аз далоили муҳими таъсиси дубораи кумита унвон кард: “Зарураташро, ки диданд, дубора ба таъсиси ин кумита пардохтанд”.

То ҳоло дар раёсати умури дин дар вазорати фарҳанг 18 нафар бо ҷойи кор фаро гирифта шудаанд. Онҳо дар чор моҳи ахири соли гузашта фаъолияти бештар аз 80 созмони динии ғайриисломӣ ва зиёда аз 3 ҳазор масҷидро таҳқиқу баррасӣ ва номнавис карданд.

Назари коршинос

Эълони таъсиси дубораи Кумитаи дин ва он ҳам дар назди раисиҷумҳури Тоҷикистон назарҳои мухталифи коршиносон ва раҳбарони муассисаҳои динӣ дар кишварро ба дунбол доштааст.

Абдуллоҳ Ҳакими Раҳнамо, таҳлилгари тоҷик, таъсиси ин кумитаро зарур шуморид ва гуфт, ҳамаи хадамот ва раёсати ҷудогонае, ки то ин муддат ба мавзӯи дину оин сарукор дошта, дар назди ниҳодҳои давлатӣ фаъолият мекарданд, дар ҳамҷоягӣ як кумитаи босалоҳиятро ташкил диҳанд.

Аммо ҷаноби Раҳнамо мегӯяд, бояд раёсати ин кумитаро афроде ба дӯш гиранд, ки марҳилаи муносибати кунунии дину давлатро дарк кунанд: “Зеро дар ду соли ахир муносибати дину давлат он муносибати пешина нест. Ин муносибат аз набард ба ҳамкорӣ ва аз бадгумониву мубориза ба ҳамкорӣ дар ҳалли масоили ҷомеа табдил шудааст. Барои ҳамин касоне, ки тафаккури пешинаи Шӯравӣ доранд, агар дубора ба ҳамин кумита кашида шаванд, он вақт ин фазои солим боз осеб мебинад”.

“Давлатикунонии дин”

Иддае дигар аз коршиносони умури мазҳабӣ мегӯянд, ин тасмими мақомоти расмӣ ба дунболи иқдомҳои ба гуфтаи онҳо “давлатикунонии дин” гирифта шудааст.

То кунун Донишкадаи исломии Тоҷикистон, ки қаблан донишкадаи мустақил буда, аз тарафи баъзе аз кишварҳои арабӣ маблағгузорӣ мешуд, дар ду соли гузашта ба таҳти ҳимояти давлат гирифта шудааст. Ҳамчунин қонуни нави озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, ки соли гузашта аз тарафи порлумон ва раиси ҷумҳур ба имзо расид, имкон медиҳад, ки имомони масоҷид танҳо бо машварати раҳбарони мақомоти маҳаллӣ соҳиби ин унвон шаванд.

Сайидаҳмади Қаландар, аз коршиносони умури мазҳабӣ, мегӯяд, ин кумита дар ҳоле таъсис меёбад, ки баҳсҳои мазҳабӣ дар кишвар авҷ гирифтаанд ва ин кумита бояд аз ин баҳсҳо ҷилавгирӣ кунад: “Барои нигоҳ доштани амният, оромӣ, аз таассуби диниву мазҳабӣ нигоҳ доштани одамон ва барои садди роҳ шудан ба ворид гардидани мазоҳибе, ки аслан заминаҳои бумӣ надоштанд, фаъолияти кумитаи нав таҳти сарпарсатии раёсати ҷумҳур имконияти бештар медиҳад”.

Пӯшишҳои исломии духтарон, додгоҳи пайравони Ҷамоати таблиғ, боздошт ва ҳукми зиндони пайравони ҷараёни тозапайдои Салафия ва таҳсили бенизоми ҷавонони тоҷик дар мадрасаҳои кишварҳои исломӣ аз умдатарин баҳсҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад,ки дар чанд соли ахир дардисарҳоеро эҷод кардааст.

“Зарурате набуд”

Бо ин ҳол, Воҳидхон Қосиддинов, муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, танҳо ҳизби исломӣ дар Осёии Марказӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, заруратеро барои таъсиси ин кумита намебинад. Зеро ба гуфтаи вай, муҳимтарин кореро, ки аз номнависи такрории созмонҳои динӣ иборат буд, раёсати умури дин дар вазорати фарҳанг анҷом додааст.

Аз назари ҷаноби Қосиддинов, ин кумита шояд мисли кумитаи қаблӣ ба танзими сафари Ҳаҷ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кунад ва ҳамчунин назорат аз болои муассисаҳои динӣ, аз ҷумла масоҷидро тақвият бахшад.

Вале дар ҳамин ҳол, раҳбарони бархе аз муассисаҳои динӣ, бахусус, созмонҳои динии ғайриисломӣ аз ин иқдом пуштибонӣ мекунанд. Зеро то замоне ки собиқ кумитаи дин фаъолият дошт, теъдоди ин созмонҳо ба 87 адад мерасид ва дар фаъолияти тақрибан чорсолаи раёсати умури дин фаъолияти 15 чунин созмони ғайриисломӣ қатъ карда шуд.

Игор Самиев, раҳбари Иттиҳоди масеҳиён дар Душанбе, гуфт, “агар мақомот ба чунин натиҷа расидаанд, пас, барои фаъолияти муассисаҳои динӣ ҳам мувофиқ аст. Зеро созмонҳои динӣ озодтар мешаванд. Кумита низ дар алоҳидагӣ метавонад қарорҳои худро қабул кунад. Фикр мекунам, ин беҳтар мешавад”.

Сохтори Кумитаи дин дар Тоҷикистон барои дуввумин бор аст, ки тағйир мебинад. Ин кумита то соли 2006 дар Тоҷикистон фаъол буд ва танҳо дар моҳи ноябри соли 2006 аз тарафи раиси ҷумҳур ба раёсати умури дин дар вазорати фарҳанг табдил шуд. Ҳоло фаъолияти дубораи ин кумита то се моҳи дигар оғоз мешавад ва қарор аст, ки намояндагиҳои он дар минтақаҳои кишвар таъсис ёбанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG