Мақомоти ин кишвар ба хабаргузориҳо гуфтаанд, хушунатҳо дар рӯзҳои истироҳати охири ҳафтаи гузашта сар зада, мардоне аз як водӣ ба деҳаҳои қавми дигар ҳамла кардаанд. Мақомот гуфтаанд, ҳоло вазъро зери назорат доранд ва ҷасадҳоро аз кӯчаҳо гирифтаву, шуморе аз ҳамлагаронро боздошт кардаанд.
Иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳури ин кишвар Гудлак Ҷонатан (Goodluck Jonathan) ба нерӯҳои амниятияш амр додааст, то аз интиқоли силоҳи бештар ба минтақа ҷилавгирӣ намоянд. Ӯ ҳамчунин мушовири миллии масоили амниятишро аз маснад барканор кардааст.
Шаҳри Ҷос аз моҳи январ бад ин сӯ, пас аз кушта ушдани 200 нафар дар задухӯрдҳои миёни мусалмонон ва насрониҳо зери назорати вижаи ҳарбиён буд. Ин ҳамлаҳои тоза, гуфта мешавад, посух ба он ҳамлаҳои моҳи январӣ будааст. Як мақом ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфтааст, дар ин ҳамалот ҳудуди панҷсад нафар кушта ва тақрибан сад нафар боздошт шудаанд. Мақомоти ин кишвари африқоӣ ба хабаргузориҳо гуфтаанд, пас аз вуруди низомиёни давлатӣ вазъ дар деҳоте, ки мавриди ҳамла қарор гирифта буданд, ором аст.
Дар ҳамин ҳол, пулиси маҳаллӣ ба бахши африқоии ББС гуфтааст, мардуми деҳот дар тарсу ҳарос ба сар мебаранд, чун баъзе номаҳое бо таҳдид аз ҳамлагарон дарёфт кардаанд.
Шаҳри Ҷос дар миёни шимоли мусалмоннишини кишвар ва ҷануби насронинишинаш ҷойгир шудааст. Ин задухӯрдҳои қавмиб мазҳабӣ барои иҷрокнуандаи вазифаи раисҷумҳур Гудлак Ҷонатан чолиши ҷиддие ба ҳисоб мераванд. Ӯ идораи умур дар кишварро пас аз он ба даст гирифт, ки раисҷумҳур Умару Яръадуа бо маризии дил ба Саудӣ сафар карда буд.