Пайвандҳои дастрасӣ

Лағви таҳрими судури фанновариҳои интернетӣ ба Эрон


Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳида ба интиқоли фанновариҳои мухобиротии интернетӣ ба Эрон, Судон ва Куба иҷоза дод. Ноиби вазири молияи Амрико, Нил Волин гуфт, ин ришта аз миёни таҳримҳо зидди се кишвари номбурда ихтисор гардид ва ҳоло ширкатҳо метавонанд, ҳама гуна навовариҳои марбут ба интернет ва почтаи электрониро ба онҳо интиқол диҳанд. Ҳадаф ин аст, ки иртибот ва табодули иттилоъ дар байни одамон зимни таҳримҳо ба мушкил рӯбарӯ набошад. Қаблан судури чунин нармафзорҳо ба Эрон, Судон ва Куба мамнӯъ буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG