Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати садҳо нафар дар хушунатҳои мазҳабии Нигерия


Бино бар хабарҳои расида, дар хушунатҳои байнимазҳабӣ дар НИгерия садҳо нафар ба ҳалокат расидаанд. Даҳҳо ҷасади марду зан ва кӯдакон рӯзи душанбе дар қабристони дастҷамъона дар наздикии шаҳри Йос ба хок супурда шуданд. Аҳолии насронии ин минтақа мусулмононро айбдор мекунад, ки рӯзи якшанбе бо силоҳи оташфишон ва табарҳо ба деҳоти минтақа ҳамла кардаанд. Эҳтимол меравад, ин ҳамла посух ба ҳамлаи насрониҳо ба мусулмонон дар моҳи январ будааст, ки бар асари он низ садҳо нафар кушта шуданд. Минтақаи бархӯрдҳо дар марзи байни маҳалҳои мусулмоннишин ва насронинишини Нигерия воқеъ аст.
XS
SM
MD
LG