Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Аҳмадинажод ба Кобул ба таъхир афтод


Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, сафараш ба Афғонистонро ба таъхир гузошт. Хабаргузории Форс ба нақл аз дафтари матбуотии раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай мегӯяд, сафари Аҳмадинажод дар рӯзҳои оянда ҷараён хоҳад гирифт. Қарор аст, як ҳайат аз мақомоти баландпояи Эрон ӯро дар ин сафар ҳамроҳӣ кунанд. Рӯзи дақиқи сафар эълон нашудааст. Рӯзи якшанбе, ҳамин хабаргузорӣ иттилоъ дода буд, ки Аҳмадинажод имрӯз вориди Кобул хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG