Пайвандҳои дастрасӣ

Ғорати гулфурӯшиҳо дар Рӯзи байнулмилалии занон


Ду шахси номаълум ба як гулфурӯшӣ дар шаҳри Маскав ҳамла карда, фурӯшандаро чанд корд задаанд ва наздик ба 1 миллион рубли ӯро рабудаанд. Полис дар ҷустуҷӯи ҷинояткорон аст, аммо вазъи зан, ки ба бемористон интиқол дода шуд, хеле сангин унвон мешавад. Ин савумин ҳамла ба гулфурӯшиҳои Маскав дар ду рӯзи охир аст. Гулфурӯшиҳо дар Русия дар рӯзҳои 7-ум ва 8-уми март даромади бузурге ба даст меоранд, зеро миллионҳо нафар барои табрики занон ва модарон гулдаста харидорӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG