Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон ба Симини Беҳбаҳонӣ иҷозаи сафар надод


Мақомоти Эрон ба шоираи саршинос Симини Беҳбаҳонӣ иҷозаи сафари Порисро надоданд. Қарор буд, хонуми Беҳбаҳонӣ дар як ҷамъомад бахшида ба Рӯзи байннулмилалии занон дар пойтахти Фаронса ширкат мекард. Бино бар хабарҳо, шоираи 82-сола дар фурудгоҳи Теҳрон чанд соат боздошт шуда, сипас мақомоти амниятии Ҷумҳурии Исломӣ гузарномаи ӯро мусодира кардаанд. Симини Беҳбаҳонӣ на танҳо бо ашъори худ, балки бо талошҳояш дар ҳифзи ҳуқуқи занони Эрон машҳур аст ва ба чанд номаи рӯшанфикрон барои озодии боздоштшудагони эътирозҳои пасоинтихоботӣ имзо гузоштааст.
XS
SM
MD
LG