Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти ғайримустақими Исроил ва фаластиниҳо оғоз ёфт


Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида гуфт, фаластиниҳо ва исроилиҳо гуфтушуниди ғайримустақими худро бо миёнаравии фиристодаи вижаи Амрико, Ҷорҷ Митчелл оғоз кардаанд. Ҳоло Митчелл дар роҳ ба Вашингтон аст ва ба Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида Ҳилларӣ Клинтон аз вазъи ин музокирот гузориш хоҳад дод. Раҳбарияти Фаластин ҳафтаи гузашта ба пешбурди як гуфтушуниди ғайримустақим ризоият дод, вале мӯҳлати онро бо чаҳор моҳ маҳдуд кард. Хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки ноиб-президенти Амрико, Ҷозеф Байден низ ба муносибати оғози гуфтушуниди фаластиниҳо ва исроилиҳо ба Ховари Миёна сафар кардааст. Дар ин байн Исроил тарҳи сохтмони 112 хонаи навро барои муҳоҷирони яҳудӣ дар каронаи бохтарии рӯди Урдун ба тасвиб расонд.
XS
SM
MD
LG