Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико мегӯяд, хуруҷ аз Ироқ тибқи нақша сурат хоҳад гирифт


Фармондеҳи аршади нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ гуфт, муваффақияти интихоботи порлумонии Ироқ имкон медиҳад, ки ҳарбиёни Амрико аз ин кишвар тибқи нақша дар мӯҳлати таъиншуда то поёни соли 2011 берун раванд. Бо вуҷуди хушунатҳо ва ҳалокати наздик ба 40 нафар дар рӯзи раъйдиҳӣ интихоботи Ироқ як маъракаи муваффақи сиёсӣ шумурда мешавад. Дар он 62 дарсади 19 миллион соҳибони ҳаққи раъй ширкат карданд ва натиҷаҳои интихоботи рӯзи панҷшанбе эълон хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG