Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Симини Беҳбаҳониро иҷозаи хуруҷ надоданд


Мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон Симини Беҳбаҳонӣ, шоири шинохтаи Эронро, ки дар Тоҷикистон низ аз маҳбубияти хос бархурдор аст, нагузоштаанд ба Фаронса сафар кунад.

Симини Беҳбаҳонӣ ба радиои Фардо гуфтааст, аз тарафи шаҳрдории Порис ба нишасти байналмилалие даъват шуда буд, ки дар он доир ба мушкилоти занони дунё сӯҳбат мешавад.

Симини Беҳбаҳонӣ, ки ашъори ӯро дар Тоҷикистон ҳам замзама, қарор буд, дар ҳамоиши байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи зан суханронӣ кунад ва аз ашъори худ ҳам бихонад. Аммо дар фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон маъмурони амниятӣ пеш аз парвоз ӯро ба назди худ хонда ва гузарномаашро гирифтаанд: “Як оғое омаданду садо карданд маро бо номи Симинбари Халилӣ, ки исми шиносномаии ман аст. Маро садо карданд ва гуфтанд, ки пасспорти шуморо бубинем, додам дасташ ва ӯ гуфт, ки наметавонед, аз кишвар хориҷ бишавед.”

Ба гуфтаи Симини Беҳбаҳонӣ, ӯро аз шом то соати панҷи субҳ ӯро нигаҳ дошта ва суолҳои зиёде ҳам кардаанд. Маъмурони амниятӣ дар ниҳоят аз ӯ хостаанд, то ба Додгоҳи Инқилоби Эрон рафта ва шиносномаи худро аз онҷо бигирад. Симини Беҳбаҳонӣ гуфт, ба суолҳояш дар мавриди иллатҳои манъи хуруҷаш аз Теҳрон посухе нагирифтааст.

Симини Беҳбаҳонӣ ба ин суол, ки чунин бархӯрди мақомот бо худро дар рӯзи байналмилалии занонро чӣ гуна арзёбӣ мекунад, чунин посух дод: “Ман фикр мекунам, ки набоястӣ, ки чунин бархӯрдҳое бошад, барои он ки милали дунё бо ҳам душманӣ надоранд, дар ҳоли ҷанг, ки нестанд. Мо мехостем биравем ба Фаронса ва афроди Фаронсаро биёрем инҷо. Бо ҳамдигар табодули назар дошта бошем. Миёни милали дунё инҳо ҳеҷ ишколе надорад, вале муттаасифона мо мисли ин ки даври худамонро рӯз ба рӯз девори бештаре мекашем ва рӯз ба рӯз мехоҳем, ки иртиботи мо бо ҷаҳон камтар бошад. Намедонам, ин ба салоҳ аст ё на?”

Симини Беҳбаҳонӣ, ки 83 сол дорад гуфтааст, дар аввал бинобар пиронсолӣ ва вазъи сиҳатиаш намехост ба Порис сафар кунад, аммо аҳду эҳсосаш нисбат ба занони Эрон водораш кард, то барои ширкат дар нишасти байналмилалӣ дар мавриди занон ризоият диҳад.

Фаъолони ҳуқуқи зан дар Эрон мегӯянд, ки қонунҳои ҷумҳурии исломӣ дар муқоиса ба мардон ҳуқуқи камтаре нисбат ба зан раво дидаанд ва ин нобаробарӣ бояд аз байн бурда шавад. Ҳукумати Эрон пас аз интихоботи баҳсбарангези раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи июн ва тазоҳуроти азими мардумӣ дар кишвар саркӯбии фаъолони ҳуқуқ ва мухолифинро бештар кардааст.
XS
SM
MD
LG