Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса хостори рушди нируи ҳастаии ғайринизомӣ шуд


Имрӯз Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса гуфт, ки муассисаҳои молии байналмиллалӣ мисли Бонки Ҷаҳонӣ бояд ба сармоягузории нируи ғайринизомии ҳастаӣ шурӯъ кунанд. Вай дар ин бора дар як конфронси дурӯзаи байналмиллалӣ сӯҳбат мекард, ки дар он намояндагони 65 кишвар ширкат доранд ва онро САҲА баргузор мекунад. Вай гуфт, рушди ҳушмандонаи энержии ғайринизомии ҳастаӣ навъе мубориза бо гармоиши сармоя ба шумор меравад. Вай афзуд, Фаронса барои рушди таҷҳизоти нируи ҳастаӣ пажуҳишгоҳи вижа ташкил хоҳад кард. Фаронса дорои 58 реактори ҳастаӣ мебошад ва ин реакторҳо 75 дарсади нируи барқи кишварро тавлид мекунанд.

XS
SM
MD
LG