Пайвандҳои дастрасӣ

Нируҳои Амрико тибқи нақша аз Ироқ хориҷ мешаванд


Рей Одиерно-генерали аршади нируҳои амрикоӣ дар Ироқ имрӯз гуфт, интихоботи Ироқ маҳаки аслии роҳ ба сӯи хуруҷи барномарезишудаи нируҳои Амрико аз Ироқ мебошад. Бар асоси ин барнома, нируҳои Амрико бояд то поёни соли 2011 Ироқро тарк кунанд. Генерал Рей Одиерно аз ироқиҳо ситоиш кард, ки аз раванди сисёсии ин кишвар ҳимояти қаввӣ кардаанд:

"Бо вуҷуди талошҳои тарсондани мардум дар субҳи рӯзи интихобот мардуми Ироқ нишон доданд, ки аз чунин тарсонданҳо ҳарос надоранд ва аз раванди сисёсӣ ҳимояти қаввӣ мекунанд".

Дар ҷараёни интихоботи рӯзи якшанбе дар ҳамлаҳо 36 нафар кушта шуданд. Барои 325 курсии порламон 6 200 нафар номзадҳо мубориза карданд. Тақрибан 55-60 дарсади аҳолии қобили рай дар интихобот ширкат кардаанд.
XS
SM
MD
LG