Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия шумораи қурбониёни зилзиларо 51 нафар мегӯяд


Мақомоти Туркия мегӯяд, дар зилзилаи шадиде, ки дар шарқи ин кишвар рух додааст, дастикам, 51 нафар кушта шудаанд. Конуни ин зилзила дар вилояти Элазиг, воқеъ дар 550 километрии шарқи Анкара-пойтахти Туркия қарор доштааст. Қаблан ҳукумат эълон карда буд, ки дар ин зилзила 57 нафар ҷони худро аз даст додаанд, вале баъдтар ин рақамро тағир доданд ва ҳоло мегӯянд, ки шумораи кушташудагон 51 нафарро ташкил медиҳад. Маркази бӯҳроншиносии ҳукумати Туркия гуфтааст, дар ин зилзила, ки шиддати он тақрибан 6 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст, 100 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Маркази зилзилашиносии Туркия гуфтааст, ки баъд аз зилзилаи аслӣ 30 дафъаи дигар такон хӯрдааст.
XS
SM
MD
LG