Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон рӯзноманигори ислоҳталабро зиндонӣ кард


Бино ба гузоришҳо, яке аз додгоҳҳои истинофии Эрон ҳукми зиндони 5-соларо ба як рӯзноманигори ислоҳотталаб супурдааст. Kaleme.org-сомонаи Ҳусейн Мусавӣ-раҳбари аслии мухолифони Эрон гузориш медиҳад, ки ҳукми зиндони Баҳман Аҳмад Омуӣ аз 7 сол ба 5 сол оварда шуд ва додгоҳ вайро ба 75 шаллоқ низ маҳкум кардааст. Rahesabz.net-сомонаи дигари мухолифон гузориш додааст, ки Абдуллоҳ Мӯминӣ, Меҳдӣ, Фурӯзандепур Эҳсон Меҳробӣ, Акбар Мунтаҷабӣ ва Ваҳид Пурустод, ки низ дар робита бо тазоҳуроти эътирозӣ боздошт шуда буданд, аз ҳабс раҳо шудаанд.
XS
SM
MD
LG