Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷор ва оташи шӯришиён ба сӯи нируҳо дар Хуст


Пулиси Афғонистон мегӯяд, чанд нафар ҳамлакунандагон дар шаҳри Хуст бамеро дар наздикии бинои маъмурӣ мунфаҷир сохтаанд ва аз бинои дигаре дар ҳамон маҳал ба сӯи нируҳои пулиси Афғонистон ва нируҳои Амрико тирандозӣ кардаанд. Яъқубхон-кафили раиси пулиси Хуст мегӯяд, дар ин инфиҷор ва тирандозӣ талафоти ҷонӣ ба бор наомадааст, зеро ҳамлакунандагон иштибоҳан дар бинои холӣ бамро мунфаҷир сохтаанд. Ба гуфтаи Яъқубхон, пулис маҳали ҳодисаро муҳосира ва ба сӯи афроди мусаллаҳ тирандозӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG